dcsimg
Image of Styela Fleming 1822
Creatures » » Animal » » Tunicates

Ascidian

Ascidiacea Blainville 1824

Ассидияҳо ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages
Ассидияҳо. Иллюстратсия аз китоби «Kunstformen der Natur» Эрнст Ҳеккел (1904)

АССЍДИЯҲО (Ascidiae), як гурӯҳи ҷонварони хордадор. Баданашон халташакл буда, дар қисми болои он ду сӯрох– даҳон ва мақъад ҷой гирифтааст. Тани ассидияҳо бо туника – пӯсти ғафсе, ки насҷ (бофта)-и ҳайвонӣ (тунитса) дорад, пӯшида шудааст. Ҷавфи назди ғалсамаи ассидияҳо бо мақъад (клоака) пайваст мебошад. Ассидияҳо тақрибан 150 намуд доранд ва дар ҳамаи баҳрҳо дучор меоянд. Ғизои онҳо организмҳои майда ва детритҳоянд. Ассидияҳо мавҷудоти хунсо буда, бо роҳи ҷинсӣ ва муғҷабандӣ афзоиш мекунанд. Ассидияҳо сода (танҳо) ва мураккаб (колониявӣ) мешаванд. Кирминаҳои ассидияҳо хорда дошта, озодона шино мекунанд (чун болиғ шуданд хордаҳояшон нест мешавад).

Манбаъ

  • Ахмадиева А. В., Шукалюк А. И., Биологии моря. Москва, 2007.
license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia

Ассидияҳо: Brief Summary ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages
Ассидияҳо. Иллюстратсия аз китоби «Kunstformen der Natur» Эрнст Ҳеккел (1904) Ассидияҳо. Иллюстратсия аз китоби «Kunstformen der Natur» Эрнст Ҳеккел (1904)